Мутобиқи маълумоти расмии оморӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2025 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 176.9 млрд сомонӣ ва суръати он ба 8,4 фоиз баробар гардид. Ин нуктаро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода имрӯз 13 — феврал зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО- и кишвар иттилоъ дод.
Дар иртибот ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, вазир маълумот дод, ки дар ин давра иҷрои нақшаи қисми даромади бучети давлатӣ дар сатҳи 113,2 фоиз таъмин карда шуда, ба буҷети мазкур зиёда аз 60,3 млрд сомонӣ ворид гардид.
Инчунин гуфта шуд, ки иҷрои нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ бо дарназардошти грантҳо барои дастгирии буҷет дар сатҳи 119,2 фоиз таъмин гардида, воридоти маблағҳо 44,9 млрд сомониро ташкил дод.
Ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ ба ҳолати соли 2026 ба 3.5 млрд доллари амрикоӣ ё 19, 2 фоиз Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар гардид, ки аз он 3, 0 млрд доллари амрикоӣ ё 87,0 фоиз қарзи беруна ва доираи 500,0 млн доллари амрикоӣ ё 13, 0 фоизи қарзи дохилӣ мебошад.
Роҷеъ ба хароҷоти буҷети давлатӣ зикр гардид, ки дар моҳҳои январ — декабри соли 2025 дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷет амалӣ карда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии кишвар 57, 1 млрд сомонӣ равона гардид.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”
