Новобаста аз фарҳоҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ва содаву мусоид намудани иҷрои уҳдадориҳои андоза, баъзе субъектҳои хоҷагидор ҳоло ҳам ба қонунвайронкуниҳо роҳ медиҳанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти хабарӣ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода хабар дод.
Ба маълумоти роҳбари ин ниҳод дар соли 2025, дар маҷмуъ, 23,7 ҳазор ҳолати ҳуқувайронкуниҳои андозӣ, асосан вобаста ба масъалаҳои беқайд дар мақоми андоз машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, риоя накардани муҳлати пешниҳоди эъломияҳои андозӣ, риоя накардани тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ — хазинавӣ ва рамзгузории эълктронии молҳо, сари вақт бо мақомоти андоз тартиб надодани санади муқоисавӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ошкор, шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд ва ба онҳо ба маблағи умумии 115,0 млн сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби ҷаримаҳои солҳои қаблӣ татбиқшуда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёд аз 100,0 млн сомонӣ маблағҳо ворид карда шуд.
Дар ин бора ҳамкорамон Сураё Сироҷиддин аз ҷараёни нишасти матбуоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
