Дар соли 2025 гардиши тиҷорати хориҷӣ ба 10740,0 млн доллар баробар шуд, ки нисбат ба соли 2024 (8.932,5 млн доллар) 1807,5 млн доллар ё 20,2% зиёд мебошад, таъкид намуд сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар нишасти матбуотӣ.
Аз ҷумла, воридоти мол 8 295,6 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 (6992,3 млн доллар) ба маблағи 1303,3 млн доллар ё 18,6% зиёд аст. Содирот бошад, ба 2444,4 млн доллар баробар шуда, нисбат ба соли 2024 (1940,1 млн долл) ба андозаи 504,3 млн доллар ё 26,0% афзоиш ёфтааст. Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 77,2% ва содирот бошад 22,8%-ро ташкил медиҳад.
Дар ин давра, ба ҷумҳурӣ ба маблағи 63,4 млн доллар ёрии башардӯстона ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2024 (109,7 млн доллар) 46,3 мли доллар ё 42,2% кам мебошад.
Дар содироти молҳои ватанӣ вазни қиёсии асосиро маъданҳо ва консентратҳо — 25,3% ё ин ки 618,0 млн доллар, сурма ва маҳсулоти он 20,5% ин ки 450,0 млн доллар, алюминийи коркарднашуда 8,5% ё ин ки 207,8 млн доллар, нахи пахта 5,8% ё ин ки 142,1 млн доллар, қувваи барқ 4,0% ё ин ки 97,7 млн доллар, маҳсулоти меваю сабзавот 3,1% ё ин ки 76,1 млн доллар, ресмони пахтагӣ 1,0% ё ин ки 25,0 млн доллар, семент 0,7% ё ин ки 16,1 млн доллар ва пӯст 0,1% ё ин ки 2,5 млн доллар ташкил медиҳанд.
Нисбат ба соли 2024 содироти мол ба кишварҳои Ҳолланд ба маблағи 294,4 млн доллар, Россия 144,4 млн доллар, Хитой 114,4 млн доллар, Узбекистон 87,0 млн доллар, Белгия 78,8 млн доллар, Беларус 1,8 млн доллар, Қирғизистон 8,5 млн доллар афзоиш ёфта, ба давлатҳои Қазоқистон 112,3 млн доллар, Афғонистон 20,7 млн доллар, Туркия 24,8 млн доллар, Покистон 5,2 млн доллар, АМА 3,3 млн доллар ва Эрон 1,7 млн доллар коҳиш ёфтааст.
Дар сохтори воридот вазни қиёсии асосиро молҳои зерин, ба монанди маҳсулоти нафтӣ 11,6% ё ин ки 959,3 млн доллар, воситаҳои нақлиёти сабукрав 8,3% ё ин ки 684,9 млн доллар, гандум 3,6% ё ин ки 300,9 млн доллар, гази моеъ 2,9% ё ин ки 238,8 млн доллар, чӯбу тахта 3,0% ё ин ки 249,2 млн доллар, телефонҳои мобилӣ 1,8% ё ин ки 146,7 млн доллар, шакар 1,4% ё ин ки 117,5 млн доллар, равғани растанӣ 1,3% ё ин ки 110,2 млн доллар, маҳсулоти меваю сабзавот 1,2% ё ин ки 102,8 млн доллар, оксиди алюминий (глинозем) 1,2% ё ин ки 101,8 млн доллар, гӯшти мурғ 0,6% ё ин ки 46,0 млн доллар, нуриҳои минералӣ 0,5% ё ин ки 44,9 млн доллар, қувваи барқ 0,3% ё ин ки 21,6 млн доллар ва орд 0,2% ё ин ки 16,2 млн доллар ташкил медиҳанд афзоиш ёфта, аз Швейтсария 292,2 млн доллар, Покистон 9,9 млн доллар, Италия 12,9 млн доллар ва Туркия 0,6 млн доллар кам шудааст.
Дар соли 2025 нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 10405,3 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл, дар ин давра ба буҷети давлатӣ 12720,1 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нақша ба андозаи 2314,8 млн сомонӣ (122,3%) ва нисбат ба пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашуда дар соли 2024 (9 751,6) ба маблағи 2 968,5 млн сомонӣ (130,4%) зиёд мебошад.
Иҷрои нақша аз рӯи намуди пардохтҳои гумрукӣ: воридоти ААИ ба 109,2% ё 729,7 млн сомонӣ зиёд, боҷи гумрукӣ 147,3% ё 608,6 млн сомонӣ зиёд, боҷи содиротӣ 228,1% с 205,9 млн сомонӣ зиёд, андози аксизӣ 116,5% ё 143,6 млн сомонӣ зиёд ва воридоти ғайриандозӣ ба ҳаҷми 536,8% ё 743,5 млн сомонӣ зиёд таъмин карда шуд.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”
