Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соҳаи варзиш ва варзишгарони касбӣ ҳамеша зери дастгирӣ ва қадршиносии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, заҳматҳо ва дастовардҳои онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки воситаи муаррифии шоистаи миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, қадрдонӣ мешавад.

Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ нишонаи қадршиносии давлатии варзишгарони бонангу номуси кишвар, ки дар арсаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи обрӯи миллат ва баланд бардоштани мақоми давлат заҳмат мекашанд, мебошад.

Ҷоизаи мазкур соли панҷум аст, ки зери сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ғолибон, ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва муррабиёни онҳо тақдим мегардад.

Тибқи амри мазкур ва дар асоси пешниҳоди қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 67 варзишгар аз рӯйи 8 намуди варзиш, аз ҷумла гӯштини ҷудо, гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-румӣ, бокс, қаиқронӣ, таэквандо (ВТ), самбо ва кикбоксинг бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда мешаванд.

Маблағи умумии ҷоизаҳо 2 040 000 (ду миллиону чил ҳазор) сомониро ташкил дода, барои як варзишгар вобаста ба натиҷаи варзишӣ то 150 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар заминаи қадршиносиҳои мазкур сол то сол натиҷаҳои варзишии варзишгарони кишварамон афзун гардида, ба хазинаи варзишии кишвар дар ин давра 510 медал, аз ин 140 тилло, 166 нуқра ва 204 биринҷӣ ворид гардидааст.