Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик

Рӯзҳои наздик чанд мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва чорабиниҳои дигар дар назар аст.

Аз ҷумла Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки сармоягузориҳои инфрасохторӣ хонум Ҷоу Ҷиайи ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард, ба ҳузур мепазиранд.

Чанд чорабиниҳои дигар низ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст, ки доир ба онҳо иловатан хабар хоҳем дод.