Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 бо мақсади таъмини арзёбӣ саривақти сифатноки даромад ва хараҷоти буҷети давлатӣ, истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва воситаҳои давлатӣ Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказӣ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳо 188 чорабинии аудиторӣ гузаронида, ҳамчун вайронкунандаи низоми молиявӣ 710,6 млн сомонӣ вобаста ба ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ, 352,6 млн сомонӣ дар самти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботии молиявӣ, 14,8 млн сомонӣ дар самти идоракунии моликияти давлатӣ 37,5 млн сомонӣ соҳаи сохтмон ва 1,1 млн сомонӣ дигар қоидавайронкуниҳо муайян намуд. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти хабарӣ Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода.
Ба маълумоти роҳбари ин ниҳод оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида, чораҳои мушаххас андешида шуд, ба суратҳисобҳои «Маблағҳои зарури камомад ва тасарруф » дар КВД «Амонатбонк » 110,7 млн сомонӣ, дар Вазорати молия 40,5 млн сомонӣ ҷамъ 151, млн сомонӣ ё нисбат ба соли қаблӣ 72,5 млн сомонӣ зиёд, дигар суратҳисобҳои дахлдори буҷети давлатӣ 307,8 млн сомонӣ ва ба корхонаҳо 297,2 млн сомонӣ барқарор гардид, ки 67,7 фоиз маблағи умумиро ташкил медиҳад.
Сураёи Сироҷиддин
радиои “Тоҷикистон”
