Афзоиши назарраси воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2025

Дар соли 2025 воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 925,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ин нишодиҳанда нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 1 798,6 млн. доллари ИМА ё 35,1 фоиз зиёд мебошад. Чунин иттилоъ дода шуд имрӯз зимни нишасти хабарии Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба иттилои раиси кумитаи мазкур Султон Раҳимзода, воридоти сармояи хориҷӣ аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 031,0 млн. доллари ИМА ташкил намуда, нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 1 067,3 млн. доллари ИМА  зиёд шудааст.

Воридоти сармояи хориҷӣ аз кишварҳои хориҷии дур  бошад, 3 894,3 млн. долларро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли 2024 731,3 млн. доллари ИМА зиёд шудааст.

Ба иттилои ҳамкорамон Гулрӯ Ниёзова Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-декабри  соли 2025 бо шарикони рушд 31 созишномаи қарзию грантӣ вобаста ба татбиқи 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 619,02 млн. доллари ИМА ба имзо расонидаас, ки  татбиқи ин лоиҳаҳо дар самти рақамикунонӣ, нақлиёт, обтаъминкунӣ, тандурустӣ, энергетика, рушди соҳибкорӣ, таъминоти гармӣ, экология, кишоварзӣ ва инноватсияро дарбар мегирад.