Таъмини суботи макроиқтисодӣ ва тавсеаи иқтидорҳои истеҳсолӣ дар соли 2025

Бо  истифодаи самараноки имконияту захираҳои  мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар соли 2025 дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 176,9 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод — таъкид намуд вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар нишасти хабарӣ.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки суръати рушди иқтисоди миллӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,1 фоиз, кишоварзӣ 9,5 фоиз, гардиши савдо 13,9 фоиз, мусофиркашонӣ 10,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 13,2 фоиз, боркашонӣ 15,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 23 фоиз таъмин гардид.

Сатҳи таваррум дар соли 2025-ум 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024-ум (3,6 фоиз) 0,1 банди фоизӣ кам аст. Таваррум дар ин давра асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 4,5 фоиз, молҳои ғайриозуқа 1,5 фоиз ва хизматрасонӣ 5,7 фоиз ташаккул ёфтааст.

Дар ин давра дар қаламрави кишвар 396 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 2422 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 66,7 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 22,1 фоизро ташкил дод.

Рушди соҳаи саноати кишвар аз ҳисоби 36,2 фоиз афзудани саноати истихроҷ, 10,5 фоиз саноати коркард, 13 фоиз соҳаи таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво  22,8 фоиз зиёд шудани соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа таъмин гардидааст.

Истеҳсоли неруи барқ дар соли 2025-ум 23,9 млрд. кВт. соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024-ум 1562,2 млн. кВт. соат ё 7 фоиз зиёд мебошад.

Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 31-уми декабри соли 2025 аз 82 адад (55 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 22 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 43,2 миллиард сомонӣ (4,7 миллиард доллари ИМА)-ро ташкил  додааст.

Шоистаи Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”