Дар соли 2025 барои аз байн бурдани дукурагиҳо дар мафҳуми зарари молиявӣ, шаффофияти омори расмӣ, пешгирии такрорёбии рақамҳои беасос дар ҳисоботҳо оид ба иҷрои буҷети давлатӣ ва аз натиҷаи чорабиниҳои назоратию санҷиши санади меъёрӣ «Таснифи вайронкунии қоидаҳои молиявӣ» таҳия ва мавриди амал қарор дода шуд, — зикр намуд раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дар нишасти матбуотӣ.
Инчунин, таъкид шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии омилҳои такрорёбӣ дар рақамҳои иҷрои буҷети давлатӣ, ки ба ташаккули маблағҳои озоди Ҳукумати кишвар монеагӣ эҷод мекарданд, суратҳисоби «Маблағҳои зарару камомад ва тасарруф» ба КВД БА «Амонатбонк» гузаронида шуд.
Шакли нави ҳисоботи омории №1 «Ҳисобот дар бораи пардохтҳо ба буҷет» таҳия ва қабул карда шуд, ки ҳуҷҷати мазкур ҷараёни баҳисобгирӣ ва заминаи аслии ташаккули воқеии даромадҳоро аз рӯйи ҳар як намуди андоз ва пардохтҳои давлатӣ дар қисмати маъмурони даромади буҷети давлатӣ пурра инъикос менамояд.
Мутобиқи стандартҳои байналмилалии мақоми олии аудит «Роҳнамо оид ба гузарондани аудити экологӣ дар заминаи аудитҳои мутобиқату молиявӣ ва самаранокӣ» мавриди амал қарор дода шуд. Бори нахуст дар таҷрибаи аудити давлатӣ тибқи ин роҳнамо аудитҳои экологӣ дар мавзӯи «Ифлосшавии обҳои истеъмолӣ омили асосии хавфи паҳншавии бемориҳои сироятӣ» ва «Таъсири обшавии пиряхҳо ба иқлим ва талафоти иқтисодӣ ба хоҷагии қишлоқ» гузаронида шуд.
Дар ҳошияи чорабинӣ ба пайравӣ аз ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди Палатаи ҳисоб мавзӯи муҳимми аудити ҳифзи захираҳои табиӣ дар самти «Аудити захираҳои обӣ» ва «Аудити ҳифзи пиряхҳо» қарорҳои зарурӣ қабул шуданд, ки дар ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар миқёси байналмилалӣ мусоидат менамоянд. Бо мақсади таъмини арзёбии саривақтию сифатнокии даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва воситаҳои давлатӣ Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳо 188 чорабинии аудиторӣ гузаронда, ҳамчун вайронкунии низоми молиявӣ 710,6 млн сомонӣ вобаста ба ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ, 352,6 млн сомонӣ дар самти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, 14,8 млн сомонӣ дар самти идоракунии моликияти давлатӣ, 37,5 млн сомонӣ соҳаи сохтмон ва 1,1 млн сомонӣ дигар қоидавайронкуниҳо муайян намуд.
Оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида, чораҳои мушаххас андешида шуда, ба суратҳисобҳои «Маблағҳои зарару камомад ва тасарруф» дар КВД «Амонатбонк» 110,7 млн. сомонӣ, дар Вазорати молия 40,5 млн. сомонӣ, ҷамъ 151,2 млн. сомонӣ ё нисбати соли қаблӣ 72,5 млн. сомонӣ зиёд, дигар суратҳисобҳои дахлдори буҷети давлатӣ 307,8 млн. сомонӣ ва ба корхонаҳо 297,2 млн. сомонӣ барқарор гардид, ки 67,7 фоизи маблағи умумиро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати гузариш ба аудити рақамӣ, татбиқи аудити фосилавӣ, сарфаи маблағҳои буҷетӣ бо роҳи канорагирӣ аз аудитҳои аз лиҳози иқтисодӣ камсамар 60 чорабинии аудиторӣ тариқи фосилавӣ дар сафоратхонаву консулгариҳои дар хориҷи кишвар мавҷудбуда, амалӣ карда шуд.
Шоистаи Аҳмад
радиои «Тоҷикистон»
