Дар соли 2025 аз ҷониби марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии судҳои иқтисодӣ дар маҷмӯъ 3 932 адад парванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба 2 182 ҳалномаи судӣ қабул гардида, 122 парванда қатъ карда шудааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебонисо Абдуллозода ба хабарнигорон иттилоъ дод. Зебонисо Абдуллозода иброз дошт, ки бо 244 парванда аризаҳо бебарасӣ мононда шуда, қабули 15 ариза рад карда шудааст, 5 парванда ва 6 ариза аз рӯи тобеияти судӣ барори баррасӣ ирсол гардидааст.
Инчунин 360 аризаҳои даъвогӣ ва шикоятҳо ворид гардида, 355 аризаву шикоятҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд.
Сураё Сироҷиддин
радиои “Тоҷикистон”
