Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбати 270 нафар қарздорон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида нисбати 753 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷойи зисташон аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро бо қабули қарорҳои дахлдор кофтуков эълон шудааст. Чунин иттилоъ дода шуд имрӯз зимни нишасти хабарии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба иттилои сардори Хадамоти иҷро Аҳтам Абдуллозода ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 11 ҳазору 553 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шуддаст, ки зиёда аз 8000 он қарздорони дар самти алимент буда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазору 579 нафар зиёд мебошад.
Ба иттилои хабарнигори радиои Тоҷикистон, Гулрӯ Ниёзова дар самти иҷрои санадҳои судӣ аз ҷониби судиҷрочиён ба манфиати шахсони ҳуқуқии давлатӣ 189 ҳуҷҷатҳои иҷро ба маблағи умумии 49 миллиону 529 ҳазору 953 сомонӣ рӯёнида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузша 14 миллиону 993 ҳазору 892 сомонӣ зиёд мебошад.
