Дар ноҳияи Фирдавсӣ дар соли 2026 3 ҳазор ниҳоли ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида мешавад

Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  дар соли 2026  3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида мешавад. Дар ин хусус Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур Диловар Раҳимзода ба радиои «Тоҷикистон» хабар дод.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки танҳо дар мавсими нави ниҳолшинонӣ дар шафати шоҳроҳи байналмилалии шаҳри Душанбе  ва  муассисаҳои таълимии  ноҳияи Фирдавсӣ ниҳоли дарахтони гуногун, аз ҷумла арча, павлония, санҷид, сада, сафедор, дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ ва сояафкан шинонида шуданд.

Соли 2025 дар ноҳия 169  ҳазор 744 бех ниҳол ба нақша гирифта шуда буд, аммо  иҷроишаш 174 ҳазор 445 шинонида шудааст. Дар маҷмуъ 21 миллиону 946  бех ниҳоли дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ ва мевадиҳандаи ба нақша гирифта шуда буд иҷроишаш 20 миллиону 594 шинонида шуд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади сабзу хуррам гардонидани шафати роҳҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин шаҳрвандон ва кормандони муассисаю корхонаҳои шаҳр ба маъракаи ниҳолшинонӣ ҷалб карда мешаванд. Бахусус дар рӯзҳои истироҳатӣ дар маҳалҳои гуногуни  ноҳияи Фирдавси шаҳри Душанбе  ҳашари дастҷамъонаи ниҳолшинонӣ гузаронида мешавад. Дар он сокинон фаъолона иштирок намуда, дар сабзу хуррам гардонидани маҳали зист саҳм мегузоранд.

Сурайёи Сироҷиддин,

радиои «Тоҷикистон»