Соли 2025 ҳам ҷамъбаст мегардад ва соли 2026 дар мекўбад. Вақте ба соли сипаришавандаи 2025 менигарем, ин сол албатта дастовардҳои зиёдеро барои соҳаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба бор овард.
Яке аз дастовард ин аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ таҳияи Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040 ва қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа буд.
Султон Раҳимзода – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ:
— Барои фаъолияти сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ пештар ду санади алоҳида амал мекард, яке Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоя” ва дигаре Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ”.
Азбаски дар ин қонунҳо баъзе ҳолатҳо такроршавӣ ва духӯрагӣ ба чашм мерасид, барои сармоягузоре, ки мехост дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад, нофаҳмиҳо пеш меомад, яъне барои огаҳ шудан аз фазои сармоягузорӣ бояд аз якчанд қонун истифода менамуданд. Ин зарурати таҳрири қонуни соҳаро ба миён овард ва ин ду қонунро муттаҳид намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ” дар таҳрири нав қабул гардид.
Дар ин қонун ҳам духӯрагиҳо аз байн бурда шуд ва ҳам қонуни навро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидем, ки аз он ҷумла шакли нави татбиқи лоиҳаҳо бо назардошти устувории муҳити зистӣ, ба инобат гирифтани ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ ба роҳ монда мешавад. Яъне он сармоягузоре, ки мехохад дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд, бояд тибқи ин нишондод амал намояд. Қонуни мазкур ба рушди иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.
Дастоварди дигаре, ки дар соли 2025-ум буд ин таҳия ва қабули лоиҳаи Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин якумин ҳуҷҷати стратегӣ барои ҷалби сармоя буд ва нигоҳи ҳукуматро барои давраи то соли 2040 муайян мекунад.
Стратегиия мазкур аз якчанд қисмат иборат буда, самтҳои сармоягузориро муайян мекунад. Стратегия муайян мекунад, ки айни замон дар ҷаҳон, минтақа ва кишвари мо вазъи сармоягузорӣ чи гуна аст? Чӣ мушкилот дар самти ҷалби сармоягузорӣ вуҷуд дорад ва чӣ бояд кард то ин мушкилот бартараф гардад? Яъне Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом тадбирҳоро бояд андешад, то сармоя бештар ба самтҳои афзалиятнок ҷалб гарданд. Аз ҷумла такмили санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, яъне заминаи қонунгузорӣ, институтсионалӣ, беҳтар намудани таблиғи Тоҷикистон хориҷ аз кишвар ҳамчун кишвари афзалиятнок барои сармоягузорӣ, муаррифии захираҳо, рушди сармояи инсониву зарфияти кадрӣ. Ҳукумат тавассути Стратегия муайян мекунад самтҳои афзалиятнокро аз он ҷумла энергияи барқароршаванда ба монанди гидроэнергетика, энергияи офтобӣ, бодӣ, коркарди маъдан, саноати куҳӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ.
Стратегия аз се марҳила иборат буда, айни замон нақшаи амал барои солҳои 2026-2030 омода аст.
Соли 2025 яке аз солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар кишвар буд, ки дар ин самт низ қадамҳои устуворе гузошта шуд ва метавон гуфт соли 2025 барои кормандони соҳа соли бобароре буд.
Исфандиёр Яздонзода— муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— Бо мақсади таъмин намудани гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва мутобиқсозии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба талаботи замони муосир, дар кишвар корҳо оид ба таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ босуръат идома доранд. Дар ин самт то имрӯз 75 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шудааст, ки аз онҳо 46 адад aллакай қабул гардидаанд. Ба ин шумора 3 Қонун, 5 фармони Президент, 28 қарори Ҳукумат ва 13 фармоиши Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дохил мешаванд. Ин санадҳо самтҳои асосии сиёсати рақамисозӣ, рушди инфрасохтор, танзими хизматрасониҳои электронӣ ва ҳукумати электронӣ, амнияти иттилоотӣ ва дигар ҷанбаҳои низоми рақамиро фаро мегиранд.
Соли 2025-ум Агентӣ лоиҳаи қарори Ҳукумат “Дар бораи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026–2030”-ро таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намудааст. Ин барнома давраи навбатии рушди рақамисозии кишварро муайян намуда, ба баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод, афзоиши самаранокии идоракунии давлатӣ ва густариши хизматрасониҳои рақамӣ мусоидат хоҳад кард.
Қадами устувори дигаре, ки дар соли 2025 гузошта шуд, ин инкишофи инфрасохтор то шабакаҳои панҷ ҷӣ, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот буд, ки 22 июли соли 2025 мо мулоқоти корӣ бо намояндагони ширкати байналмилалии Starlink баргузор намудем. Ҳадаф — густариши имкониятҳои интернети баландсуръат дар тамоми қаламрави кишвар, махсусан минтақаҳои дурдаст мебошад. Дар ин мулоқот мо сиёсати миллии рақамисозӣ, лоиҳаҳои инфрасохтори технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ (ТИК) ва имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти хизматрасониҳои моҳворавиро муаррифӣ кардем. Имрӯз дар мамлакат корҳои васеи техникӣ барои рушди инфрасохтори шабакаҳо идома доранд. Дар шаҳри Душанбе 61 истгоҳи базавии 5G, дар Хуҷанд — 2, ва дар Бохтар — 1 адад фаъол аст. То охири соли 2025 шумораи онҳо ба 86 адад мерасад. Дар се соли оянда гузариши пурраи интернети мобилӣ ба наслҳои 4G ва 5G ва то 80 фоиз фаро гирифтани аҳолӣ бо интернети собит ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи дастурҳои Пешвои миллат ва бо мақсади таҳкими иқтидори кадрии соҳаи рақамӣ, Ҳукумат қарор «Дар бораи масъалаҳои муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Ин донишгоҳ дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб таъсис ёфта, яке аз иқдомҳои калидии кишвар дар роҳи рушди иқтисоди рақамӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии таъсиси донишгоҳ — тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, бозомӯзии мутахассисон ва баланд бардоштани маърифати рақамӣ дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Донишгоҳ имконият фароҳам меорад, ки мутахассисони ҷавон дар самтҳои барномасозӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ, шабакаҳои иттилоотӣ, big data, blockchain, cloud computing ва дигар технологияҳои муосир таҳсил намоянд.
Таъмини амнияти киберии маҳзанҳои маълумот дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ барои Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Бо дастури Сарвари давлат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 июни соли 2025 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1042 Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд. Вазифаи асосии Марказ — назорат ва ҳифзи иттилоот, аз ҷумла маълумоти шахсӣ, оморӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дигар навъҳои додаҳо дар тамоми низомҳои иттилоотии давлатӣ мебошад. Ин иқдом қадами муҳим дар самти баланд бардоштани устувории технологӣ ва амнияти рақамии кишвар мебошад. Бо мақсади ҳифзи фазои иттилоотӣ аз таҳдидҳои муосири киберӣ ва тақвияти имкониятҳои давлатӣ дар самти муҳофизати додаҳо, соли 2025 лоиҳаи “Стратегияи рушди амнияти киберии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2040” таҳия шуда, айни ҳол дар баррасии мақомоти дахлдор қарор дорад. Стратегия самтҳои калидӣ, аз ҷумла ҳимояи инфрасохтори муҳим, назорати боэътимоди технологияҳои иттилоотӣ, мубодилаи амнияти иттилоот ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалиро дар бар мегирад”.
Гирдовардандаи суҳбат Ш. Аҳмад
