Дар шаҳри Анқара Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар додааст.
Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ва бо ҳамкории донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Анқара таҳсил менамоянд, рӯзи фарҳанг ва гӯшаи Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Барномаи ҳамоиши фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахшҳои гуногун иборат буда, аз ҷумла қироати шеърҳои классикӣ, шоҳномахонӣ, иҷрои мусиқиҳои суннатии тоҷикӣ ва намоишҳои театриро дар бар гирифт. Ҳама барномаҳо аз ҷониби донишҷӯён бо маҳорати баланд ва сатҳи касбӣ пешкаш гардида, фарҳанг ва мероси ғании миллати тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара, намояндагони мақомоти кишвари иқомат, воситаҳои ахбори омма, инчунин доираи васеи донишҷӯёни тоҷик, турк ва намояндагони дигар миллатҳо иштирок намуданд.
Дар гӯшаи миллии фарҳангии Тоҷикистон китобҳои арзишманди тоҷикӣ, либосҳои миллӣ, мусаввараҳо ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Ин нигораҳо таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни қадимаи миллати тоҷик мебошанд.
Боиси таъкид аст, ки гӯшаи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ороишоти хоси миллӣ ва муаррифии суннату анъанаҳои ниёгон таҳия гардида буд, мавриди таваҷҷуҳи хоси иштирокчиён ва меҳмонон қарор гирифт.
Чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар самти тақвияти муколамаи фарҳангӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат аҳаммияти махсус доранд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

