Боридани барф дар масири Душанбе — Чаноқ, ки чанд рӯз қабл оғоз шуда буд, дар фасли зимистон пайваста ба назар мерасад. Дар ин замина дар роҳи мазкур ҳолатҳои зиёди тармафароӣ ба амал омад. Теъдоди тармаҳои хурду бузурги давоми рӯзҳи охир фаромада, беш аз 21 ададро ташкил дода, дар муддати бениҳоят кутоҳ аз ҷониби кормандони «IRS» бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор бартарф шуданд. Қобили зикр аст, баландии тармаҳо то 5 метр ва паҳноӣ зиёда 11 метрро ташкил дод. Ҳамчунин, кормандони филиали Ширкат роҳро мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилағзиш коркард намуда истодаанд. Умури назорат аз ҷониби роҳбарият то ҳадде ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳатто шабона ин раванд қатъ намегардад. Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе — Чаноқ нигоҳубини 24 — соатаро талаб менамояд. Дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он мушкилии зиёд рӯи кор меояд.
Тавре сухангӯйи Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои “Тоҷикистон” хабар дод, агар бо мусоид гардидани обу ҳаво дар фаъолияти «IRS» таъмири таҷдиди роҳ мақоми меҳварӣ касб кунад, дар мавсими сармо таваҷҷуҳи масъулин ба рафъи пайомади тармафароӣ, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағзиш равона мешавад. Гуфта шуд, ки имсол низ мавсими таъмиру таҷдиди роҳ бо нишондиҳандаҳои арзанда ва барзиёд ҷамъбаст гардидааст.
Ба иттилоъ манбаъ, кормандон ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин раванд ҳолати техникаву механизм ва захираи маводи зиддилағзишу сӯзишворӣ мавриди назар аст. Илова бар ин, кормандон бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар ҳаҷми зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст, зеро мавсими сардии сол марҳилаи ҳассос буда, дар сурати сари вақт омодагӣ надидан ба раванди фаъолият монеа хоҳад гашт. Бо ин мақсад Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026” ба тасвиб расида, ҳадафи асосии ҳуҷҷати мазкур омода намудани тамоми соҳаҳо ва шаҳрвандон ба мавсими зимистон маҳсуб меёбад.
Гуфта шуд, ки барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагиҳои филиали Ширкат ним миллион литр сӯзишвори дизелӣ, зиёда аз 17400 тонна маводи зиддилағзиш захира шуда, ин раванд идома дорад. Аз ҷумла, дар намояндагии Варзоб то ин вақт 6500 тонна маводи зиддилағзиш, Зарафшон 5600 тонна ва Суғд 5359 тонна чунин мавод захира шудааст. Бо дарназардошти дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ душвори кӯҳистон ҷойгир будани роҳи Душанбе — Чаноқ, коркарди он бо маводи зиддилағжиш мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ шавад. Бинобар ин, харҷи ин намуди мавод низ сол то сол тамоюли афзоишро касб кардааст.
Илова бар ин, чархҳои резинии зимистонаи мошин ва механизмҳои нигоҳдории роҳ дастрас ва насб гардида, зарфҳои захираи сӯзишворӣ, ки имкони нигоҳдории 535000 литр чунин маводро доранд барқарор карда шуданд. Муҳимтар аз ҳама, техникаву механизм филиали ширкат, ки теъдодашон 242 адад аст, ба мавсими зикршуда пурра омодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият тӯли 16 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла, пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Нишондиҳандаҳои мазкур, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ ба таври назаррас афзуда истодаанд, имкон фароҳам меорад, ки рисолати филиали Ширкат — нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.
Зеваршоҳ Уктамшоҳзода,
радиои “Тоҷикистон”
