Мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар Тоҷикистон

23 декабри соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода бо роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар Тоҷикистон Виктор Лутенко мулоқот анҷом додааст.   

Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва IOM мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.