Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиши занону духтарон таҳти унвони “Занон дар меҳвари Паём” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш занони фаъоли Тоҷикистон, раисони Шурои занони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии худ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки «дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, қайд гардид, ки мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамешақадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем.
Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳанд».
Аз ин рӯ мо боварии комил дорем, ки Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат барои занону бонувони кишвар дурнамо ва роҳнамои фаъолияти ҳаррӯзаамон мегардад.
Гулрӯ Ниёзова,
радиои «Тоҷикистон»
