Имрӯз дар меҳмонхонаи «Хилтон» — и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр дар ҷаҳон таҷлил мегардад, бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илми — амалӣ таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон ва ВАО: пайванд барои ҷомеаи огоҳ» баргузор гардид. Зимни ифтиҳоҳи чорабинӣ Аминзода Абдулфаттоҳ директори Пажуҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсонро то соли 2038 тасдиқ намудааст, ки ҳадаф аз он таҳкими пояи ҳуқуқӣ, рушди ниҳодҳо ва тақвияти ҳамкории муассир бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Инчунин таъкид гардид, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо, ки ба ин масъала таъсири манфии худро мерасонад, ташкил кардани чунин конфронсҳо ба манфиати кор аст.
Ташаббускорони ин ҳамоиши сатҳи баланд мақсади асосии ҳамоиши мазкурро дар баррасии дастовардҳо дар ҷараёни татбиқи Стратегияи миллӣ, нақши ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалӣ намудани Нақшаи амал барои солҳои 2023-3025, инчунин рӯнамоии фаъолияти фаъолияти ТҶ- и «Хома» дар самти тарғиб ва инъикоси ҳуқуқи инсон дар ВАО арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар кори ҳамоиш намояндагон аз МНМО- и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги кишвар ва дигар ниҳодҳои дахлдор ширкат дошта, вобаста ба масъалаи мазкур маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа доштанд.
Олуфта Шарипова
радиои «Тоҷикистон»
