ТАНБАШАВИИ РОҲ ДАР НАЗДИ БОЗОРИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ ЁВОН: МУШКИЛИ КАЙ ҲАЛ МЕШАВАД?

Дар асоси муроҷиати яке аз сокинони ноҳияи Ёвон, роҷеъ ба тамбашавии роҳи назди бозори марказӣ бо чанд масъул суҳбат анҷом додем, аммо бархеи дигар аз суҳбат бо мо худдорӣ карданд…

Тӯли ду рӯз мо дар сафари хидматӣ дар ин ноҳия будем ва мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар  назди бозори марказии ноҳияи мазкур аз субҳ то бегоҳӣ роҳҳо воқеан банд мегарданд. Масъулон сабаби ин вазъро гуногун арзёбӣ мекунанд: Истодани таксиҳои самти Душанбе–Ёвон дар канори роҳ барои гирифтани мусофир ва инчунин кор накардани чароғакҳо дар баъзе соатҳо, ки бинобар мушкилоти барқ хомӯш карда мешаванд.

Сафаралӣ Бегмонов, сокини ноҳияи Ёвон, мегӯяд, ки чандин маротиба ба масъулон муроҷиат кардааст, аммо ба додаш касе намерасад. Ба гуфтаи ӯ, сабаби асосии тамбашавии роҳҳо ин  дар роҳи ҳаракат истода мусофир гирифтании ронандагони хатсайри Душанбе–Ёвон мебошад.

Бо чанде аз ронандагони ин хатсайр низ суҳбат кардем. Онҳо худро муаррифӣ кардан нахостанд, аммо гуфтанд, ки ҷойи махсуси таваққуф надоранд ва ҳар дафъа, ки барои гирифтани мусофир дар назди бозор меистанд, 4 сомонӣ ҳаққи таваққуфгоҳ месупоранд.

Шахси масъули таваққуфгоҳи назди бозор аз суҳбат бо мо худдорӣ кард. Аммо касе, ки аз ронандагон маблағи таваққуф (чек) меситонад, гуфт, сабаби асосии тамбашавӣ зиёд шудани мошинҳо дар фасли зимистон аст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин мавсим ҷавонони зиёди ноҳия аз хориҷ бармегарданд, мошин мехаранд ва то аввали баҳор дар роҳҳо зиёд ҳаракат мекунанд. Илова бар ин, сохтмони ду иншооти нав дар назди бозор идомада дорад ва мошинҳои боркаш барои овардани масолеҳи сохтмонӣ аз ҳамин роҳ истифода мебаранд.

Дар робита ба ин масъала Ҷомаҳмад Гулзода, намояндаи МИҲД-и ноҳияи Ёвон, гуфт, ки рӯзи 5-уми декабр ҷаласаи назоратӣ бо иштироки масъулони соҳа баргузор шудааст ва дар рӯзҳои наздик ин мушкилӣ роҳи ҳали худро меёбад. Аммо то ин мудат ҳал нашудаасту ҷаласа бенатиҷа боқӣ мондааст.

Кӯшиш намудем, ки дар ин бора аз масъулони Шуъбачаи БДА-и ноҳия низ изҳори назаре бигирем, аммо онҳо аз суҳбат худдорӣ карданд.

Дар ин бора рӯзҳои наздик гузориши радиоӣ дар барномаи иттилоотии радиои Тоҷикистон ба шунавандагон расонида хоҳад шуд.

Муҷиддини Сайфиддин

радиои «Тоҷикистон»