Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи «Рӯзи байналмилалии мубориза бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкории судманд бо коррупсия» намояндагони бахши хусусӣ, инчунин дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи ҳисоб ва Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок ва суҳанронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар кори Форум роҳбарият ва намояндагони дигар вазорату идораҳои иқтисодӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, доираи васеи тоҷирон, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои Қирғизистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия ва Ӯзбекистон даъватшуда ширкат варзиданд.
Дар рафти форум зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории форум ин пеш аз ҳама ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия дар бахши хусусӣ, нақши он дар мубориза бо ин падидаи манфӣ, баррасии масъалаҳои муҳими соҳа, муайян кардани роҳҳои муосири идоракунии корпоративӣ, таъмини шаффофият ва поктинатӣ дар тиҷорат, инчунин табодули таҷрибаҳои пешқадам дар ин самтҳо мебошад.
Ниёзова Гулрӯ,
радиои «Тоҷикистон»
