Ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»

Дирӯз маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон баргузор гардид.

Дар ин хусус аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд. Бино ба иттилоъи манбаъ, ду нафар хонандаи литсей ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, Раҷабзода Алиҷон дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ҷойи дуюм ва Раҷабзода Бузургмеҳр дар номинатсияи «Химия» ҷойи сеюмро сазовор гардид.

Ғолибон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо диплом, ҷом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.