Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор шуд

Имрӯз Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари  дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои  сохтории дастгоҳ, корхонаю муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои  маҳаллии  мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар иҷлосия нахуст масъалаи омодагӣ ба давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар  шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳр  шунида шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ба масъулини  соҳа  ҷиҳати  иҷрои   босифат ва саривақтии «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти  шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу   зимистони солҳои 2025-2026» дастуру   супоришҳои мушаххас доданд.

Вакилон дар идома ҷараёни амалишавии «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самтро муҳокима намуданд ва  вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба  муовини Раиси шаҳри Душанбе — сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бо ҷалби аҳли   ҷамоат, кормандони соҳаҳои коммуналӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо корҳои созандагию ободонӣ, беҳдошти вазъи санитарӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ ва сабзазоркуниро дар пойтахт тақвият бахшанд.

Дар идома вакилон «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар ин самт муҳокима намуда, дар ин хусус  гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Вобаста ба масъалаи мазкур Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  супориш доданд, ки бо мақсади дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи томактабӣ, бедор намудани завқи кӯдакон ва  баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо назардошти то 50 фоиз фаро гирифтани кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия тадбирҳои зарурӣ андешанд.