Шумораи мусофиркашонӣ тавассути нақлиёт дар 8 моҳ 10,2 фоиз афзудааст

Дар моҳҳои январ-августи соли 2025 шумораи мусофиркашонӣ тавассути нақлиёт нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10,2 фоиз зиёд аст. Яъне, тавассути ҳама намуди нақлиёт ба зиёда аз 695,3 миллион нафар мусофирон хизмат расонида шудааст. Дар ин хусус Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Мувофиқи маълумоти Агентии омор, давоми 8 моҳи соли 2025 мусофиркашонӣ бо нақлиёти хушкигард дар ҷумҳурӣ нақши муҳим дорад. Ин аст, ки таносуби он 99,9 фоизи ҳаҷми умумии мусофиркашонии ҳама намуди нақлиётро ташкил медиҳад.

Дар ин давра инчунин бо нақлиёти автомобилӣ (вазорату идораҳо, корхонаю ташкилоти ҳама шаклҳои моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд, соҳибкорони хусусӣ) 679,7 миллион мусофирон кашонида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10,4 фоиз зиёд аст.