Варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои ИДМ 22 медал ба даст оварданд

Таи 10 рӯз дар 7 шаҳрҳои Озарбойҷон  Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Варзишгарони мо дар 18 намуди варзиш Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд ва аз 6 навъи он ба гирифтани 22 медал шарафёб гардиданд. Аз ҷумла, дар намуди бокс муштзанҳои навраси кишвар сазовори 1 медали тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ шуданд. Медалҳои бириҷиро насиб гаштанд: Дамир Назаров (46 кг), Фурӯғ Сарҳадзода (-60 кг миёни духтарҳо), Умарҷон Асроров (66 кг) ва Амир Нозимов (75 кг). Ба гирифтани медалҳои нуқра сарфароз шуданд, Аъзамҷон Ҳасанов дар вазни -48 кг ва Акбарҷон Абдуллоев дар вазни -57 кило.  Ягона медали тиллои Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Беҳрӯз Умаров дар вазни 50 кг мушарраф шуд.

Дар намуди ҷудо Юсуф Замонов (-50 кг) медали нуқра ба даст овард, Абубакр Худоиев (-55 кг) ва Лоиқ Қутбиддинов (-60 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфтанд.

Аз навъи қаиқронӣ Муҳаммадӣ Раҷабов дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 500 метр медали нуқра, ба масофаи 200 метр медали биринҷӣ гирифт. Ҳамчунин, ҷуфти Ислом Носиров ва Далер Носиров дар навъи қаиқронии (К-2, 200 метр) сазовори медали биринҷӣ шуданд.

Дар навъи гӯштини юнонӣ румӣ Алишер Рӯзимадов (71 кг) ба гирифтани медали нуқра ва Муҳаммадёсин Ибодуллоев (45 кг), Маҳдӣ Баротов (60 кг) ба гирифтани нишонҳои биринҷӣ ноил гаштанд.

Дар гӯштини тарзи озод Идрис Баҳромов (-71 кг) ва Алиризо Баҳромов (-80 кг) медалҳои биринҷиро ба даст оварданд.

Аз Таеквондо ВТ Абдуҷаъфари Баҳодур (54 кг) ва Нурулло Муродов (74 кг) сазовори медали биринҷӣ шуданд.

Дар гуштини Самбо Назаралӣ Холов (64 кг) ва  Ёсин Ҳукуматов (71 кг) ба дарёфти медали биринҷӣ мушарраф гаштанд.

Қобили зикр аст, ки дар сеюмин Бозиҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил рақобатҳо дар доираи 23 риштаи варзиш роҳандозӣ гардида буданд. Дар Бозиҳои ИДМ Озарбойҷон-2025 наздики 3000 варзишгар аз кишварҳои Озарбойҷон, Тоҷикистон, Русия, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ва иштирок доштанд. 

Некруз Саторов

радиои «Тоҷикистон»