Баргузории машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон дар Душанбе

 29 сентябр дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии навбатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардиданд. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамоии ҳамкории дуҷониба, татбиқи мувофиқаҳои бадастомада дар сатҳи олӣ, инчунин масъалаҳои  минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо барои таҳкими шарикии стратегии минбаъдаи Тоҷикистон ва Покистон изҳори омодагӣ намуданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва ҳайати Ҷумҳурии Исломии Покистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Саид Асад Алӣ Гиланӣ роҳбарӣ намуданд.