Рӯзҳои 1-3 октябри соли равон дар Маркази намоишгоҳии Экспо Душанбе намоишгоҳи масолеҳи сохтмонӣ баргузор мегардад.
Соли чорум аст, ки ин намоишгоҳ бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи «TajBuld» доир мешавад.
Дар намоишгоҳи мазкур намояндагон ва масъулини зиёда аз 50 корхонаҳои истеҳсолии масолеҳи сохтмонӣ, аз кишварҳои гуногун аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Туркия ва корхонаҳои сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд. ширкат менамоянд.
Дар намоишгоҳ беҳтарин дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами ширкатҳои бонуфузи сохтмонии хориҷӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, технология ва таҷҳизоти махсуси соҳавӣ ба маъраз гузошта мешавад. Яке аз мақсадҳои асосии баргузории намоишгоҳи мазкур ҳамкориҳои нав ва дастгирии бевоситаи корӣ дар соҳаи тиҷорат миёни ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва маҳаллӣ дониста шуда, дар ин замина муаррифии маҳсулотҳои сохтмониву ороишӣ, таҷҳизот ва хизматрасонии сохтмонӣ барои бозори маҳаллӣ дониста мешавад.
Намоишгоҳи байналмилалии «TajBuld» аз 6 қисмат; маҳсулоти сохтмонӣ ва ороишӣ, пешниҳоди меъморӣ ва ороишӣ, сохтмони манзилҳои наздишаҳрӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, техникаву механизм ва либосҳои махсуси соҳавӣ, моликияти ғайриманқул иборат мебошад.
Хотиррасон мекунем намоишгоҳи мазкур бори аввал соли 2022 баргузор шуда буд.
Ш. Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”
