Имрӯз дар маҷлисгоҳи Маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори он мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Умарзода Фаррух, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Акобир Мирзораҳимзода ва дигар аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи Ташабусси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Рахмон оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», нақш ва мавқеи Тоҷикистон, суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин дар ҷаласа ба суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ, ки зимни суханронӣ аз афзоиши низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва талафоти ҷонии садҳо ҳазор аҳолии осоишта изҳори нигаронӣ карда, сарварони кишварҳоро даъват намуданд, ки барои хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон дар атрофи ҳадафҳои умумӣ муттаҳид шаванд, таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
Гулрӯ Ниёззода,
радиои «Тоҷикистон»
