23 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми минтақавии Муколамаи занони Осиёи Марказӣ «Занон дар иқтисоди сабз ва рақамӣ» ба кори худ оғоз бахшид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Бонки миллӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳамоҳангӣ бо шарикони рушд роҳандозӣ гардид. Дар Форуми минтақавии Муколамаи занони Осиёи Марказӣ «Занон дар иқтисоди сабз ва рақамӣ» аз 8 давлати дунё намояндагон иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур як ҷойгоҳи калидӣ барои баррасии масъалаҳои муҳим ва пешниҳоди ташаббусҳои наве гардид, ки ба пешбурди роҳбарии занон дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд.
Мастона Муҳидиллозода,
мухбири минтақавии радиои «Тоҷикистон» дар Суғд