Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба гиромидошти солрӯзи собиқ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Муҳаммад Осимӣ ҳамоиш доир шуд, ки дар он олимону донишмандон ва омӯзгорон иштирок намуданд. Дар доираи ҳамоиш маросими рӯнамоии маҷмӯаи таҳқиқоти илмӣ бо номи «Академик Муҳаммад Осимӣ: бунёд ва пешрафти донишноманависии илмӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Китоби мазкур бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯи кор омада, дар таҳияи он олимону мутахассисони соҳавии дохилӣ ва хориҷии кишвар аз қабили ИМА, Фаронса, Испания, Ҳиндустон ва Ӯзбекистон ҷалб гардидаанд.
Дар оғози ҳамоиш Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода баромад карда, иброз намуд, ки устод Муҳаммад Осимӣ олим ва ходими давлатӣ буданд ва дар рушди илми тоҷик саҳми босазо гузоштаанд. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки китоби «Академик Муҳаммад Осимӣ: бунёд ва пешрафти донишноманависии илмӣ дар Тоҷикистон» доир ба таърих ва рушди донишноманависӣ дар Тоҷикистон, инчунин хизматҳои шоистаи Академик Муҳаммад Осимӣ дар ин самт, маълумот медиҳад.
Дар идомаи ҳамоиш профессор Аскаралӣ Раҷабов суханронӣ карда, иброз намуданд, ки академик Муҳаммад Осимӣ поягузори равияи донишноманависӣ дар Тоҷикистон маҳсуб рафта, бо ташаббуси он кас аввалин маротиба Сарредаксияи илмии энсиклопедияи тоҷик ташкил карда шуд ва дар як муддати кутоҳ 8 ҷилди энсиклопедияи советии тоҷик таҳия гардид.
Бояд гуфт, ки академик Муҳаммад Осимӣ 1 сентиябри соли 1920 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, дар тули ҳаёт ва фаъолияти худ барои пешрафти шарқшиносии тоҷик ва ҷаҳон, пешравии илми бунёдӣ, рушди илмҳои гуманитарӣ, пешрафти илму маориф хизматҳо шоиста намудаанд. Академик Муҳаммад Осимӣ давоми ду даҳ сола (1960 — 1983) сарварии Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда доштанд ва дар ташаккулу пешрафт, ҳаллу фасли масоили таърихию назарии фарҳангии бадеии тоҷик, баргузор намудани симпозиум, конгрессҳои бузург дар дохили кишвар ва берун аз он, инчунин навиштани асарҳои таркибан методологию консептуалӣ доир ба фарҳанги бадеии тоҷик ҳам саҳми арзанда гузоштанд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»