Бохти наврасони 17-солаи Тоҷикистон аз Малӣ дар бозии дуюми «Ҷоми истиқлолияти Индонезия»

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бозии дуюми худро дар мусобиқаи «Ҷоми истиқлолияти Индонезия», муқобили Малӣ (U-17) доир намуда, шикаст хӯрд.

Бозӣ дар варзишгоҳи «Utama Sumatera Utara»сурат гирифта, бо ҳисоби 2 бар 4 ба нафъи наврасони Малӣ ба охир расид. Ҳарду қисм ҳам бо ҳисоби якхелаи 1 бар 2 ба фоидаи Малӣ поён ёфт. Голҳои Тоҷикистонро дар дидор Асадбек Махтумов ва Насрулло Ашурализода ба ҳадаф расониданд. Дар бозии аввали худ наврасони тоҷик бо ҳамсолони худ аз Индонезия 2 бар 2 мусовӣ карда буд. Малӣ бошад бар Ӯзбекистон зафар ёфт.

Ҳамакнун дар бозиҳои ниҳоии мусобиқа санаи 18-уми август Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ва Индонезия бо Малӣ вохӯрӣ анҷом медиҳанд.