«Истиқлол»-и Душанбе дар як гурӯҳ бо тими Роналду — «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ қарор гирифт

Қаҳрамони чемпионати футболи кишвар, дастаи «Истиқлол» боз ҳам ҳарифи «Ал-Наср» гардид, ки онҷо Криштиану Роналдо бозӣ мекунад.

Нисфирӯзии имрӯз дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия маросими қуъракашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои дуюми КФО баргузор гардид, ки дастаҳо ҳарифони худро шинохтанд. Намояндаи кишвари мо дар мусобиқа, дастаи «Истиқлол» шомили гурӯҳи «D» гардида, рақибонаш «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ, «Ал-Завраа»-и Ироқ ва «Гоа»-и Ҳиндустон гардиданд.

Бояд гуфт, ки пас аз омадани Криштиану Роналдо ба тими «Ал-Наср» ин дуюмин маротиба аст, ки дастаи мазкур дар Лигаи чемпионҳои Осиё рақиби «Истиқлол»-и Тоҷикистон мешавад. Қаблан дар мавсими 2023-2024 дар Лигаи чемпионҳо «Истиқлол», «Ал-Наср», «Персеполис»-и Эрон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар дар як гурӯҳ (дар гурӯҳи Е) ҷой гирифта будаанд.

Он мавсим «Истиқлол» натавониста буд натиҷаи дилхоҳ нишон диҳад ва дар мавқеи охири гурӯҳ ҷой гирифта буд.