Дидори мунтахаби наврасони 17-солаи тоҷик бо ҳамсолони худ аз Индонезия мусовӣ поён ёфт

Футболбозони 17-солаи тими мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали мусобиқаи»Ҷоми истиқлолияти Индонезия» бо мизбонон дидор анҷом дода, ду маротиба дар ҳисоб қафо монданд, вале дар ниҳоят аз шикаст наҷот ёфтанд.

Дидори дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Индонезия (U-17)шоми гузашта сурат гирифта, бо ҳисоби 2 бар 2 ба охир расид. Аз ҳайати Тоҷикистон голҳоро Зариф Зарифзода (дар дақиқаи 36-ум) ва Нарзулло Ашурализода(дар дақиқаи 89) ба самар расониданд.

Ҳамакнун дар бозии дуюми мусобиқа шогирдони Марко Раҷинӣ, футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолони худ аз Малӣ вохӯрӣ анҷом медиҳанд. Малӣ дар вохӯрии аввали худ муқобили Ӯзбекистон бо ҳисоби (5 бар 1) ғалаба ба даст овард.

Рустам Зоирзода

радиои «Тоҷикистон»