Рӯзи 12-уми августи соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хониши идоравӣ дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ ва роҳҳои самараноки истифодаи он» бо иштироки Заирова Саврина Олимовна — сармутахассиси раёсати рушди инноватсия ва дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ-техникии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст.
Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар менавсиад, ки хонишро муовини директори Марказ – Қурбонзода Неъматулло ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон – лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо иттифоқи оро қабул карда, бозгӯйкунандаи мавқеи Роҳбарияти олии кишвар баҳри рушди технологияҳои муосир мебошад.
Пас аз он сармутахассиси Агентӣ доир ба мафҳуму моҳияти зеҳни сунъӣ, истифодаи самаранок, корбурди он дар фаъолияти ҳамарӯза ва роҳҳои таъмини махфияти иттилоот маълумот ироа намуда, ҷиҳати корбурди самарабахши зеҳни сунъӣ дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.
Дар фароварди чорабинӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати Роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати кишвар дар самти рушди технологияҳои рақамӣ Заирова С.О. бо Сипоснома қадрдонӣ гардида, изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҳамкориҳо дар самти мазкур боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.
