Рӯзи дуюм аст, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар озмун довталабон аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон баромад карда, ҳунару маҳорати худро пешниҳоди аъзои ҳакамон намуданд.
Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ғолибони даври ноҳиявӣ аз 4 ноҳияи пойтахт — Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур иштирок менамоянд. Онҳо аз рӯйи номинасияҳо дар толорҳои алоҳида баромад намуданд. Давлатшо маҳмудов омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷиҳати маърифатнокии мардуми кишварамон нигаронида шуда, барои дарёфти ҷавонони болаёқат ва ватандӯсту худогоҳ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки имсол барои ғолибони озмуни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид, ки дар муқоиса ба соли гузашта 2 100 000 (ду миллиону сад ҳазор) сомонӣ зиёд мебошад. Барои ғолибони ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барои барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст. Шоиста Ҷумъаева хонандаи синфи 4 — и Гимназияи рақами 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе буда, тули се сол мешавад, ки озмуни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» иштирок менамояд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки дар соли гузашта то даври ҷумҳуриявӣ рафта ғолиб наомад, вале аз ин руҳафтода нагардида, имсол боз бо таёрии бештар иштирок намуд.
Маврид ба зикр аст, ки имсол даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 11 август оғоз шуда, то 23 август идома мекунад. Барои дар сатҳи баланд гузаштани озмун тамоми шароитҳо фароҳам гардида, рафти он тавассути шабакаҳои телевизионӣ пурра сабт карда мешавад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”