FlyDubai парвозҳои ҳаррӯзаро дар самти «Дубай – Душанбе – Дубай» оғоз мекунад

Ширкати ҳавопаймоии FlyDubai аз моҳи сентябр парвозҳои ҳаррӯзаро бо хатсайри «Дубай – Душанбе – Дубай» оғоз мекунад. Дар ин бора маркази матбуоти Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

«Ширкати ҳавопаймоии FlyDubai, ки қаблан интиқолдиҳандаи мунтазам дар хатсайри «Дубай – Душанбе – Дубай» таъин шуда буд ва дар як ҳафта се маротиба парвозҳоро анҷом медод, аз 3 сентябри соли 2025 басомади парвозҳоро то 7 парвоз дар як ҳафта зиёд мекунад, яъне парвозҳо ҳар рӯз анҷом дода мешаванд», – гуфта мешавад дар хабар.

Агентӣ таъкид намуд, ки зиёд шудани шумораи парвозҳо ҳаракати шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳоро осон мегардонад, инчунин ба паст шудани нархи парвозҳо ва рушди соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Агентӣ ба ширкати FlyDubai супориш додааст, ки нархи дастраси парвозҳоро барои мусофирон таъмин кунад..