Кишварҳои узви ОПЕК+ ба мувофиқа расиданд, ки истихроҷи нафтро афзоиш диҳанд

Ҳашт кишвари узви Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК+) — Русия, Арабистони Саудӣ, Ироқ, АМА, Кувайт, Қазоқистон, Алҷазоир ва Уммон дар пайи нишасти рӯзи 3 август ба мувофиқа расиданд, ки истихроҷи нафтро дар моҳи сентябр то 548 ҳазор бушка дар як рӯз афзоиш диҳанд.

Созишнома «бо назардошти дурнамои мӯътадили иқтисоди ҷаҳонӣ ва шароити мусоиди бозории кунунӣ, ки аз захираҳои ками нафт шаҳодат медиҳад» ҳосил шуд. Ин тасмим ба Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт имкон медиҳад, ки хуруҷи худро аз маҳдудиятҳои ихтиёрӣ то 2,2 миллион баррел дар як рӯз анҷом диҳад.

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи «Financial Times» бо такя ба андешаи таҳлилгарон менависад, ки шояд то фасли зимистон талабот ба нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ бештар шавад.