Бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати кишвар дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва ваколатҳои худ дар нимсолаи якуми аввали соли равон дар як қатор субектҳои хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронид, ки дар натиҷаи онҳо қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 1, 8 млн. сомонӣ ошкор ва буҷети давлатӣ маблағи 1, 5 млн сомонӣ гузаронида шуд. Чунин иттилоъ дод имрӯз сардори Хадамоти мазкур Раҷабзода Ҳайдаралӣ зимни нишасти матбуотӣ.
Гуфта шуд, ки бо мақсади пешгирӣ ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, рақобати бевиҷдонона ва ба роҳ мондани рушди рақобати солим дар заминаи пешниҳоди субъектҳои хоҷагидор нархномаи бархе аз субъектҳои мазкур аз ҷумла маҳсулоти ширӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон аз хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ ва ба мувофиқа расонида шудааст. Инчунин қайд гардид, ки дар ин давра аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ мониторинги 20 номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори беруна ва дохили кишвар гузаронида, тағирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамоянд.
Дар натиҷаа муайян карда шуд, ки аксари номгӯи маҳсулот ё ин, ки ашёи хом барои истеҳсоли онҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд, ки ин ба болоравии нархи онҳо дар бозори кишвар оварда мерасонад.
О. Шарипова
радиои «Тоҷикистон»