Зиёда аз 19 миллион сомонӣ зарар дар натиҷаи 222 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулода

Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар қаламрави ҷумҳурӣ 222 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумораи ҳодисаву ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ дар 9 ҳолаташ ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 19 миллиону 665 ҳазору 300 сомонӣ зарар расонидааст. Дар ин бора раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раҷабалӣ Раҳмоналӣ имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур иттилоъ дод.

Ҳамзамон манбаъ афзуд, ки аз 222 ҳолати фавқулодаи ба қайд гирифташуда 78 ҳодисаи селфароӣ, 18 бориши борон, 51 ҳодисаи тармафароӣ, 6 баландшавии сатҳи об, 21 ҳодисаи сангрезӣ, 19 заминларза, 6 фаромадани ярч, 17 шамоли сахт, 4 ҳолати раъду барқ, 1 ҳодисаи бориши барфи зиёд ва 1 ҳодисаи хунукии сахт ба қайд гирифта шудааст.

Рустам Зоирзода,
Радиои «Тоҷикистон»