Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар қаламрави ҷумҳурӣ 222 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумораи ҳодисаву ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ дар 9 ҳолаташ ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 19 миллиону 665 ҳазору 300 сомонӣ зарар расонидааст. Дар ин бора раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раҷабалӣ Раҳмоналӣ имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур иттилоъ дод.
Ҳамзамон манбаъ афзуд, ки аз 222 ҳолати фавқулодаи ба қайд гирифташуда 78 ҳодисаи селфароӣ, 18 бориши борон, 51 ҳодисаи тармафароӣ, 6 баландшавии сатҳи об, 21 ҳодисаи сангрезӣ, 19 заминларза, 6 фаромадани ярч, 17 шамоли сахт, 4 ҳолати раъду барқ, 1 ҳодисаи бориши барфи зиёд ва 1 ҳодисаи хунукии сахт ба қайд гирифта шудааст.
Рустам Зоирзода
Радиои «Тоҷикистон»