Дар нимсолаи аввали соли равон содирот 42,5 миллион доллар коҳиш ёфта, воридот 359,4 миллион доллар зиёд шудааст.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2025 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 4 миллиарду 731,4 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 7,2 фоиз ё 316,9 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Бино ба иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, дар ин давра содирот ба 955,3 миллион доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 4,3 фоиз ё 42,5 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Омили асосии он кам шудани содироти металлҳои қиматбаҳо ба маблағи 297,7 миллион доллар ба ҳисоб меравад.
Қайд гардид, ки нишондиҳандаи содирот бе назардошти металлҳои қиматбаҳо ба 953,1 миллион доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 36,6 фоиз ё 255,2 миллион доллар зиёд шудааст. Сохтори содиротро дар ин давра асосан дигар металлҳои нимқиматбаҳо (сурма) 30 фоиз, маъданҳо 26,5 фоиз, алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он 13,8 фоиз, нахи пахта ва қувваи барқ 5,7 фоизӣ, маҳсулоти кишоварзӣ 3,4 фоиз, мис ва маҳсулот аз он 2,6 фоиз, либосҳои гуногун ва бофташуда 2,2 фоиз, ангишт ва семент 1 фоизӣ ташкил медиҳанд.
Воридоти мол бошад дар моҳҳои январ-июни соли 2025-ум 3 миллиарду 775,8 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2024-ум 10,5 фоиз ё 359,4 миллион доллар зиёд гардидааст.