Дар нимсолаи аввали соли 2025, 289 нафар варзишгари тоҷик дар 72 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ карданд, ки дар маҷмӯъ ба хазинаи варзишии кишвар 238 медал ворид намуданд.
Дар ин бора имрӯз Зулфиқор Гулаҳмадзода раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ аз шумораи умумии медалҳои бадастовардаи варзишгарони кишвар 67 ададашро тилло, 74 ададашро нуқра ва 97 адади онро биринҷӣ ташкил додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 31 медал зиёд аст.
Рустам Зоирзода
радиои «Тоҷикистон»