Устодони соҳибунвони Донишгоҳи миллӣ ба 67,3 фоиз баробар гардидааст

Ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025 роҷеъ ба 43 самт, 100 масъала ва 123 мавзуъ таҳқиқоти илмӣ гузаронидаанд. Дар давраи ҳисоботӣ шумораи устодони соҳибунвон дар донишгоҳ ба 67,3 % баробар гардидааст.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ, ректори донишгоҳи мазкур Эмомалӣ Насриддинзода иттилоъ дод.

Ҳамчун манбаъ афзуд, ки дар ин давра 85 маводи илмии кормандони донишгоҳ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи хориҷӣ ба нашр расидааст, ки аз онҳо нашри 38 номгӯ ба маҷаллаҳои Scopus рост меояд.

Рустам Зоирзода
радиои «Тоҷикистон»