Дар доираи қабули лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази AТ технология таъсис дода мешавад. Дар ин бора Қобилҷон Хушвахтзода президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки Марказ бо ҳамтоёни хориҷии Академия ба хусус Донишгоҳи Сияни ҶМ Чин сохта мешавад.
Дар нишаст Қобилҷон Хушвахтзода президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфт, ки давоми шаш моҳи аввали соли 2025, 8 озмоишгоҳи замонавӣ харидорӣ ва ба Муассисаҳои илмӣ — таҳқиқотии Академия супорида шуд. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки то охири соли равон боз 5 озмоишгоҳи замонавӣ барои Муассисаҳои илмӣ — таҳқиқотии Академия сохта ба истифода дода мешавад.
Тирамоҳи соли равон дар шаҳри Душанбе ду симпозиум ва як конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад. Аз ҷумла моҳи сентябр симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 700 солагии шоири ғазалсаро Ҳофизи Шерозӣ, моҳи октябр конфронси байналмилалӣ бахшида ба 1160 солагии олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакри Розӣ ва моҳи ноябр симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1045 солагии Ҳаким Абуали Ибни Сино баргузор мешавад.
Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шумораи аввали нашрияи илмиро бо номи «Илм ва инноватсия» руи чоп овард. Қайд гардид, ки минбаъд олимон ва муҳаққиқони ин соҳа метавонанд, ки мақолаҳои илмии худро дар ин нашрия ба таб расонанд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»