Дар шаҳри Душанбе  Форуми ҷаҳонии сармоягузории сайёҳӣ баргузор мешавад

Аз 16 то 18 сентябри соли равон Кумитаи рушди сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) Форуми ҷаҳонии сармоягузории сайёҳӣ дар мавзӯи «Тағйир додани иқтисод тавассути сармоягузориҳои стратегӣ дар соҳаи сайёҳӣ» ро дар шаҳри Душанбе баргузор менамояд. Дар ин бора Рустам Холматиён муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёхии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки дар Форум намояндагони соҳаи сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO), аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин сармоягузорон, коршиносон ва намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ иштирок мешамоянд. Ҳамзамон дар доираи форум Намоишгоҳи байналмилаии сайёҳии Душанбе доир хоҳад гашт.

Дар идомаи нишаст Рустам Холматиён муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёхии Тоҷикистон гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, таблиғу муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, ҷалби сармоя, рушди сайёҳии дохилӣю байналмилалӣ ва муаррифии бренди миллӣ зиёда аз 17 чорабинӣ дар дохили кишвар баргузор намуда, дар 9 намоишгоҳи сайёҳии сатҳи байналмилалӣ зарфиятҳои сайёҳии мамлакатро ба таври васеъ муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки Кумитаи рушди сайёхии Тоҷикистон бо шабакаи телевизионии ВВС ҳамкорӣ дошта, дар доираи он ин телевизион роликҳои сайёҳӣ аз Тоҷикистон омода менамояд. Илова бар ин бо мақсади муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони Федератсияи Россия охири моҳи августи соли равон ҳайати эҷодии барномаи телевизионии «Моя Планета» ба Тоҷикистон омада, аз мавзеҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои кишвар ролики сайёҳӣ омода ва пахш менамояд.  

Сарвинози Сайдалӣ

радиои «Тоҷикистон»