Дар шашмоҳаи аввали соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 356 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст

Дар шашмоҳаи аввали соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 356 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда,  4117 ақди никоҳ бекор шудааст. Ин нуктаро имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

Вобаст ба рушди фаъолияти соҳибкорзанон гуфта шуд, ки дар  соли 2025 бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  маблағҳои гратӣ то ба 15 млн. сомонӣ барои 200 адад лоиҳа ҷудо гардида, айни замон қабули лоиҳаҳо ба комиссияи озмунӣ пешниҳод шудааст.

Г. Ниёзова

радиои “Тоҷикистон”