Дар нимсолаи якуми соли 2025 сатҳи тавварум 1, 8 фоизро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0, 1 банди фоизӣ кам мебошад. Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода имрӯз 1 августи соли 2025 зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба иттилои Раиси бонк нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хурокворӣ 2, 9 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 3, 4 фоиз ба амал омад.
Гуфта шуд, ки дар ин давра сатҳи таварруми солона дар моҳи июни соли ҷорӣ дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок қарор дошта, 3, 6 фоизро ташкил дод, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи сол қаблӣ 0, 1 банди фоизӣ зиёд мебошад. Инчунин вобаста ба вазъи бозори дохилии асъор қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи танзимшаванда бе муаян ва эълон кардани ҳудудҳои тағирёбии қурб идома дод. Қурбии расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар нимсолаи якуми соли 2024 устуворшавии ин нишондиҳанда 2, 7 фоизро ташкил дод. Вобаста ба вазъи бозори дохили асъор маълумот дода шуд, ки дар давраи ҳисоботи Бонки милли Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи танзимшаванда бе муйян ва эълон кардани ҳудудҳои тағирёбии қурб идома дод. Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар нимсолаи якуми соли равон ба андозаи 9, 4 фоиз устувор гардид. Дар ҳамин давраи соли 2024 устуворшавии ин нишондиҳанда 2, 7 фоизро ташкил медод.
Ҳаҷми қарзҳои дохилшуда дар нимсолаи якуми соли 2025 маблағи 13, 7 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3, 1:млрд. сомонӣ ё 28, 9 фоиз зиёд мебошад чунин изҳор дошт, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода.
О. Шарипова
радиои «Тоҷикистон»