Давоми моҳҳои январ-июни соли 2025, 925 ,7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 762,3 ҳазор нафарашон ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин бора Рустам Холматиён муавини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки шумораи сайёҳон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,3 фоиз зиёд гардидааст.
Қайд гардид, ки аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии воридшуда 850,6 ҳазор нафар ё 91,9 фоиз ба кишварҳои ИДМ ва 75,1 ҳазор нафар ё 8,1 фоиз ба мамолики хориҷи дур рост меояд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ даромад аз ҳисоби сайёҳон 4 миллиард сомониро ташкил додааст.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»