Дар нимсолаи аввали соли равон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва баргузории 16 намоишгоҳҳои дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат намудааст. Дар ин бора Раҷабзода Ҳайдар Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дирӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки дар 12 намоишгоҳҳои байналмиллалӣ дар 6 кишвари хориҷӣ молу маҳсулоти истеҳсоли кишварамон муаррифӣ карда шуданд. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Исломии Эрон 2 адад, Ҷумҳурии Узбекистон 6 адад, Федератсияи Россия 1 адад, Ҷумҳурии Федеративии Олмон 1 адад, Аморати Мутаҳидаи Араб 1 адад ва Ҷумҳурии Ҷопон 1 адад намоишгоҳҳои Тоҷикистон ташкил карда шуданд.
Дар давоми шаш моҳи соли равон Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар умум 27 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки аз ин шумора 4 ададаш бо кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Раҷабзода Ҳайдар Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гуфт, ки санадҳои имзошуда бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳуриҳои Ҷопон, Қирғизистон ва Муғулистон мебошанд.
Дар нишаст Раҷабзода Ҳайдар Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гуфт, ки шумораи умумии аъзоёни Палата ба ҳолати 1 июли соли равон ба 1162 адад расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 155 адад зиёд мебошад. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ намояндагиҳои Палата дар 15 давлати хориҷаи дуру наздик ба 17 нафар расонида шудаанд. Раҷабзода Ҳайдар Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар робита ба ҷалби бештари соҳибкорони хориҷӣ ба маҳсулоти истеҳсолии ватанӣ чунин ибрози назар намуд:
Ҳамчунин зимни нишаст гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 4 миллиарду 731,1 миллион доларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 316,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Қайд гардид, ки дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи содирот 20,2% ва воридот 79,8% — ро ташкил медиҳад. Содироти молу маҳсулоти ватанӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 79 кишвари ҷаҳон содирот гардидааст, ки Ҷумҳуриҳои Нидерландия, Туркия, Узбекистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷойи аввал меистад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»