Дар шаш моҳ КВД «Сохтмони асосӣ ва таъмир» ба маблағи  13 млн 806 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмони анҷом додааст

КВД «Сохтмони асосӣ ва таъмир» и низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2025 иҷроиши корҳои сохтмониро 13 млн 806 ҳазор сомонӣ (бо назардошти сарфа ва назорати техникӣ) барои таҷдиду барқарорсозии 37 адад иншооти оби нӯшокӣ, канализатсия ва хоҷагии манзилиюкоммуналии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти мамлакат, ки аз ҳисоби маблағҳои муттамаркази буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, иҷро намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 5 млн 057 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 63 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ин маблағ  8 млн. 310 ҳазор сомонӣ ба шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти вилояти Хатлон  2млн. 593 ҳазор сомонӣ ба вилояти Суғд ва ба ВМКБ 1 млн. 216 ҳазор сомонӣ барои корҳои сохтмонӣ, барқарорсозӣ ва лоиҳакашӣ ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1 млн. 687 ҳазор сомонӣ ҷудо гардила, корҳои ба нақшагирифташуда ба анҷом расонида шуд.

Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ корхонаҳои тобеи ташкилотҳои низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2025 ба суратҳисоби мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рўи ҳамаи намуди андозҳо 29 мли 940 ҳазор сомонӣ ворид намудаанд.

Корхонаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ воқеъ дар ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар истифодабарандагон ба маблағи 57 млн. 511,2 ҳазор сомонӣ ҳамин давра хизматрасониҳои гуногуни коммуналиро ба роҳ мондаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 7 млн 329, 6 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 114 фоизи нақшаро ташкил медиҳад , — зикр гардид дар нишасти матбуотӣ.  

Ш. Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”