Дар нимсолаи аввали соли 2025, 5 миллиону 155 ҳазор сомон ҷарима барои риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин шудааст

Дар нимсолаи аввали соли 2025 вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 630 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 255 ҳолат кам мебошад.

Дар ин бора имрӯз Сулаймон Давлатзода раиси Кумитаи дин ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур иттилоъ дод. Ба иттилои масъулин аз ин теъдоди парвандаҳои баррасигардида, нисбати 615 адади он ҷазо таъин гардида, 5 миллиону 155 ҳазору 996 сомон ҷарима таъин шудааст ва 2 миллиону 691 ҳазор сомони он рӯёнида шудааст.

Зоирзода Р.

радиои «Тоҷикистон»